Донорҳои мо

Суроға

Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо     

  
Айнӣ 121, 734013  
Тоҷикистон, Душанбе

Сомона: www.mineaction.tj

Телефон/факс: (992 37) 227-0947, 
221-6687        

 


Хабарҳо 

11.03.2024 5 марти соли 2024 аз ҷониби ММТММ ҷаласаи гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии техникии дар шаҳри Бохтар.

5 марти соли 2024 аз ҷониби Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ҷаласаи гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии техникии бахши кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ (ЛНҶ) дар шаҳри Бохтар гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур 30 нафар иштирокчиён, ки аз онҳо 11 нафар занон ва 19 нафар мардон будандиштирок намуданд. Дар байни иштирокчиён намояндагони шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва ҷабрдидагони минаҳо/ЛНҶ ва шахсони маъюбиятдошта буданд. Дар рафти ҷаласа маълумоти умумӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Марказ дар самти кӯмак ба ҷабрдидагон дар соли 2023 ва нақшаи чорабиниҳо барои соли 2024, натиҷаҳои  татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи амалиётҳои Осло” расонида шуд.
Кор дар гурӯҳҳои хурд ба он масъала нигаронида шуда буд, ки чӣ гуна мо метавонем ҳуқуқҳои ҷабрдидагони минаҳо ва дигар шахсони маъюбиятдоштаро беҳтар дастгирӣ кунем ва дар натиҷа шарҳҳо барои нақшаи нави амалиётҳои кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо пешниҳод шудаанд.

22.01.2024 Маъракаи кабудизоркуни, ободонӣ ва солимгардонии муҳити зист.

Маъракаи кабудизоркуни, ободонӣ ва солимгардонии муҳити зист дар шаҳри Душанбе рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст. Иқдоми дарахтшинони идомаи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон аст, ки ҳамвора ба сарсабзу хуррам гардонидани диёри биҳиштосоямон на танҳо таъкид мекунанд, балки худ дар ин гуна маъракаҳо фаъолона ширкат мекунанд. Аз ин лиҳоз бо ташаббуси Директори муассисаи давлатии «Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо”  дар таърихи 20 январи соли ҷорӣ дар Маркази таълимии муассиса ҳашари дарахтшинони, нарм кардани бехи дарахтон аз алафҳои бегона тоза намудани замин ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии дастаҷамонаи мазкур, кормандони муассиса ва шарикони рушди дар самти безараргардонии башардустонаи зидди минаҳо фаъолияткунанда ширкат намудаанд.

08.12.2023 Ҷаласаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардўстии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷаласаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардўстии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, 7 декабри соли 2023, Китобхонаи миллии Тоҷикистон)
Ҳар сол пас аз итмом расидани мавсими поксозии башардӯстонаи минаҳои ҷаласаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ  дар моҳи декабр  бо мақсади баррасии ҳисоботи фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо” (минбаъд Марказ) , натиҷаҳои фаъолиятҳо доир ба поксозии башардӯстонаи зидди минаҳо  дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор мегардад.

Вазъи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ, дар 64-ум Сесияи Асамблеяи Созмони Милали Муттаҳид, ки 23 сентябри соли 2009 баргузор гардид, таъкид намуда буд: «Осиёи Миёна бояд, минтақаи аз минаҳо озод бошад ва мо барои ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ташкилотҳои байналмиллалиро даъват менамоем».


Новости 1 - 4 из 4
Начало | Пред. | 1 | След. | Конец Все

Барномаҳо

Амалиётҳои Оперативӣ 

The Tajikistan Mine Action Centre (TMAC) is the authority responsible for the overall management of mine action within Tajikistan.(.....)

Огоҳсозӣ аз хатари минаҳо

Огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо (ОАМ) ба фаъолиятҳои таълимотӣ такя намуда тавассути ташаккули фаҳмиш ва мусоидат намудан ба тағири рафтор бо истифодаи чорабиниҳои оммавӣ-итиллоотӣ, таълимдиҳӣ ва омӯзиш, равобит бо ҷомеаҳо бо мақсади паст кардани хавфи маҷрӯҳшавӣ аз минаҳо ва муҳимоти нотаркида (МН) нигаронида шудааст. Раванди ОАМ аз таъмини маълумот ба ҷомеаҳо оид ба хатарҳои минаҳо, МН ва/ё бомбаҳои кассетӣ (хӯшадор) иборат буда аъзоёни ҷомеаҳоро баҳри риояи дурусти рафтори бехавф бо нияти кам кардани хатар нисбати одамон, моликият ва муҳити зист сафарбар менамояд. Вазифаҳои бахши ОАМ аз кам кардани сатҳи хатарнокӣ, ки аҳолӣ метавонад зиндагии бехавф дошта бошад ва муҳитеро, ки аз мушкилоти минаҳои заминӣ заҳролуд шуда ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳдудиятҳо пеш меоранд бартараф созад, равона карда мешавад.
Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки фаъолияти огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳоро барои коҳиш додани даҳшати минаҳои заминӣ/МН ва шумораи маҷрӯҳшавиро дар байни аҳолие, ки зери хатари мина зиндагӣ мекунанд, амалӣ менамояд.(.....) 

Кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо


Кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо-ҷузъи асосии амалиёти минаҳо ва ӯҳдадориҳои давлатҳои аъзо мутобиқи Созишнома оид ба манъи истифодаи минаҳои зиддипиёдагард аст. Моддаи 6-и Созишномаи мазкур овардааст, ки «ҳар яке аз давлатҳои аъзо, бояд мувофиқи имконият, барои табобат, барқароршавӣ, истиқрори иҷтимоию иқтисодии ҷабрдидагони минаҳо ва барои барномаҳои огоҳсозӣ оид ба минаҳо кӯмаку мусоидат кунад». Кӯмак ба ҷабрдидагон таҳияи системаҳои идоранамоии иттилоот, хизматҳои тиббии аввалия, инчунин барқароршавии ҷисмонӣ, кӯмаки рӯҳиву иҷтимоӣ, истиқрори иқтисодӣ, таҳияи маҷмӯи қонуну санадҳои ҳуқуқии дигар, ки табобати самаранок, нигоҳубин ва ҳифзи ҳамаи шаҳрвандони маъюб, аз ҷумла, ҷабрдидагони минаҳоро аз лиҳози ҳуқуқу озодиҳо кафолат медиҳанд, дар бар мегирад.(.....)

Ташфиқот

TMAC works with its national and international partners to achieve a mine-free Tajikistan and to eliminate the disastrous consequences of landmines, cluster bombs and other explosive remnants of war on civilian communities. (.....)

Нобудсозии захираҳо

In accordance with Article 5 of Ottawa Convention each state party shall to undertake to destroy or ensure the destruction of all anti-personnel mines in mined areas under its jurisdiction or control, as soon as possible but not later than ten years after the entry into force of this Convention for that State Party. (.....)

How to join us

The Tajikistan Mine Action Programme (TMAP) is interested in expanding its network and activities by involving more individuals from various backgrounds, who are interested in carrying out mine action related activities, including research that would help the programme to be more efficient and effective(.....)